Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти даҳҳо эътирозгарон аз сӯи полиси Туркия


Расонаҳои Туркия хабар доданд, ки рӯзи сешанбе полис дасти кам 30 нафарро барои ширкат дар эътирозҳои зиддиҳукуматии чанд рӯзи пеш боздошт кард. Кормандони полис дар чанд мавзеъ, аз ҷумла, дар хобгоҳҳои донишҷӯён, рейдҳо доир намуда, садҳо нафарро барои муддати кӯтоҳ дастгир намуданд.

Намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Туркия баъд аз он густурда шуданд, ки рӯзи 28 май полис ҳамоиши донишҷӯёни Истамбул алайҳи буридани дарахтҳо дар боғи фароғатии Ғозӣ ва он ҷо бунёд кардани пойгоҳи низомӣ, масҷид ва маркази бузурги тиҷоратиро пароканда намуд. Эътирозҳо ба шаҳрҳои бузурги Туркия, аз ҷумла, ба пойтахт - шаҳри Анкара печиданд. Бар асари саркӯбсозии эътирозҳо дар ин шаҳрҳо панҷ кас ба ҳалокат расида, ҳазорҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.

Эътирозҳо дар Истамбул ва дигар шаҳрҳо рӯзҳои истироҳати гузашта аз сар гирифта шуданд ва аммо полис бо истифода аз гази ашковар ва мошинҳои обпош эътирозгаронро пароканда кард. Чандин нафар ҷароҳат бардоштааст.
XS
SM
MD
LG