Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиёиёни эронӣ алайҳи таҳримҳо садо баланд мекунанд


Се иқтисоддони маъруфи эронӣ хостори таъсиси “ҷунбиши шаҳрвандӣ” алайҳи таҳримҳои ИМА ва кишварҳои ғарбӣ болои Теҳрон шуданд.

Ба гуфтаи онҳо, таҳримҳо иқтисоди Эронро ба мушкил мувоҷеҳ карда, боиси афзоиши нарху наво дар кишвар шуданд. Ба навиштаи расонаҳои эронӣ, иқтисоддонҳо аз фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, рӯшанфикрон, донишмандон, адибону рассомон ва дигарон хостаанд, ки алайҳи ин тарҳимҳои “бемантиқу ноодилона” садо баланд кунанд. Онҳо гуфтаанд, ки интихоби Ҳасани Рӯҳонӣ дар мақоми раисиҷумҳури Эронро роҳро барои маъракаи зидди таҳримҳо ҳамвор кардааст.

Тайи се соли ахир ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо дар посух ба сарпечии Эрон аз қатъи ғанисозии ураниум ва даст бардоштан аз барномаи ҳастаӣ алайҳи кишвар таҳримҳои ҷиддӣ ҷорӣ карданд, ки бар пояи онҳо содироти нафти Эрон ба дигар кишварҳо коҳиш ёфта, интиқоли маблағ ба Теҳрон аз тариқи бонкҳои ғарбӣ номумкин шудааст.

Даъват барои таъсиси "ҷунбиши шаҳрвандӣ" алайҳи тарҳимҳо бори аввал рӯзи 1 июл аз сӯи Мӯсо Ғанинажод, иқтисоддони маъруфи Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштии Теҳрон садо дод. Ӯ дар як матлаб дар нашрияи “Дунёи иқтисод” таҳримҳоро “амали душанона” номид. “Оё замоне нарасидааст, ки ҳама
Мӯсо Ғанинажод

Мӯсо Ғанинажод

гурӯҳҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ садои эътирози худ алайҳи сиёсати ноодилона, ғайриқонунӣ ва бадахлоқонаро ба гӯши оламиён расонанд?”-суол кардааст ӯ. Ғанинажод ин даъвати худро дар як сӯҳбати мизи гирд бо ширкати дигар иқтисоддони аршад Муҳаммад Маҳдии Беҳкеш аз Донишгоҳи Аллома Табатабай тақрор кард. Матни ин сӯҳбат рӯзи 14 июл дар расонаҳои эронӣ нашр шуд.

Ҳарду иқтисоддон изҳор намуданд, ҷунбиши ҷадид бояд ба оламиён расонад, ки аз таҳримҳо, қабл аз ҳама, мардуми Эрон осеб мебинад. Бо ишора ба таҳримҳот байнулмилалӣ алайҳи кишварҳое чун Куба, Кореяи Шимолӣ ва Ироқи замони қудрати Саддом Ҳусейн, иқтисоддонҳои эронӣ гуфтанд, ки ин гуна муҷозот тақрибан ба ҳадаф намерасад. Мӯсо Ғанинажод гуфтааст, “агар мушкили кишварҳои ғарбӣ сиёсист, пас бояд онро аз роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл кунанд. Чаро онҳо аз иқтисод чун асбоби душманиву низоъ истифода мебаранд?” Ӯ афзудааст, "ҷунбиши шаҳрвандӣ" бояд ба афкори умум дар кишварҳои Ғарб, ки болои Теҳрон таҳримҳо ҷорӣ кардаанд, таъсир гузорад, зеро дар он ҷо ба афкори умум арҷ мегузоранд.

Ба гуфтаи Муҳаммад Маҳдии Беҳкеш, баъд аз интихоби Ҳасани Рӯҳонӣ, ки ваъдаи шаффофияти бештари барномаи ҳастаии Эрон ва беҳсозии робита бо дигар кишварҳоро ваъда кардааст, “фазои байнулмилалӣ” тағйир хӯрдааст. Донишманди маъруф ҳамчунин иброз дошт, ки рӯшанфикрон солҳои ахир зери фишори шадиди давлат қарор доштанд ва “мо бояд коре кунем, ки рӯшанфикрҳоро ба ҷунбиши худ ҳамроҳ намоем”.

Иқтисоддони маъруф Саийд Лайлоз, ки соли 2009 барои эътироз алайҳи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, низ аз "ҷунбиши шаҳрвандӣ" алайҳи таҳримҳо пуштибонӣ кард ва инро як амри ногузир хонд. Дар мусоҳиба бо сомонаи хабарии “Фарорӯ” ӯ изҳор намуд, ки интихоби Ҳасани Рӯҳонӣ дар маснади раисиҷумҳури Эрон монеъаҳо миёни эрониҳо ва ҳукуматро аз байн мебарад. Саийд Лайлоз, ки замоне мушовири раисиҷумҳури пешин Муҳаммад Хотамӣ дар умури иқтисод буд, мегӯяд, ҷунбиши нав бояд иддаои ИМА ва Исроил дар бораи хатари Эрон барои ҷаҳонро хунсо кунад.

Эрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш аҳдофи осоишта дорад. Аммо ИМА ва кишварҳои ғарбӣ Теҳронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд.

Мансабдорони амрикоӣ чандин бор эълом доштанд, ки ҳадафи тарҳимҳо на муҷозоти мардуми Эрон, балки ҷилавгирӣ аз талоши Теҳрон барои соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудан аст. Аммо онҳое, ки алайҳи ин таҳрмиҳо садо баланд кардаанд, мегӯянд, аз ин таҳримҳо мардуми оддии Эрон азият мекашанд, на онҳое, ки идораи Эрон бар дӯшашон вогузор шудааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG