Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ҳомиён ба ҳифзи ҳуқуқи занони афғон


Созмони дидбони ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Воч (Human Rights Watch) аз парламенти Афғонистон даъват кардааст, аз арзёбии лоиҳаи бахши қонуни ҷиноии ин кишвар, ки ҳимояти занон дар муқобили хушунати хонаводагиро аз байн мебарад, худдорӣ кунанд.

Рӯзи сешанбе ин созмон изҳороте пахш намуда, иброз дошт, ки лоиҳаи пешниҳодшуда бастани даҳони қурбониҳо ва шоҳидонро мадди назар дорад, зеро додгоҳ шаҳодати наздикони қурбонӣ бар муқобили муттаҳамро қабул нахоҳанд кард.

Намояндаи Ҳуман Райтс Воч Бред Адам мегӯяд, ин иқдом муҷозоти он афродеро, ки занонро мезананд, зӯран ба шавҳар медиҳанд ва ё ҳатто мефурӯшанд, лағв мекунад.

Ҳуман Райтс Воч бар ин назар аст, ки лоиҳаи қонуни ёдшуда, ки ахиран дар маҷлиси поёнии парламенти Афғонистон баҳс шуд, боз як кӯшиши заиф намудани ҳифзи ҳуқуқи занон аст.
XS
SM
MD
LG