Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи президентии соли 2006 дар Тоҷикистон


Рӯзи 6-уми ноябри соли 2006 дар Тоҷикистон интихоботи раиси ҷумҳур баргузор гашт. Бино ба маълумоти Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар он 90,89 дар сади сокинони ҳаққи райъдошта ширкат карда ва аз байни панҷ номзад раиси ҷумҳури ояндаро интихоб карданд.

Ин номзадҳо аз ҳизбҳои гуногун намояндагӣ мекарданд. Чунончӣ, Эмомалӣ Раҳмон (он вақт Раҳмонов) аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунист, Абдулҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалистӣ, Олим Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Амир Қароқулов аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2005 сабти ном шуданд ва солҳои дароз иҷозаи фаъолият нагирифтани ҳизбҳои зиёде ба монанди Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон (ташаббускораш Султон Қувват), Ҳизби Ваҳдат (ташаббускораш Ҳикматулло Саидов), Ҳизби ҷавонони пешқадами Тоҷикистон (ташаббускораш Саидҷаъфар Исмонов) ва ғайра ин гумонҳоро ба миён овард, ки ду ҳизби нав ба хотири ширкат дар интихоботи президентӣ таъсис ёфтаанд.

Дар ҷараёни интихобот номзадҳо аз ин ду ҳизб ва ҳамчунин аз Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, ки дар арафаи интихобот ба ду ҷиноҳ тақсим шуда, раҳбари он Мирҳусейн Нарзиев аз саҳна хориҷ карда шуд ва номзади Ҳизби коммунист низ дар зимни таблиғот аз номзадии ҳизби ҳоким ҳимоят карданд. Биноан, коршиносон гуфтанд, вазифаи онҳо аз оғоз на пирӯзй буд, балки сохтани як фазои интихоботи озод ва одилона буд.

Дар хотимаи маърака онҳо аз шеваи баргузории интихоботи раисҷумҳур изҳори қаноатмандӣ карданд. Амир Қароқулов, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва номзад ба мақоми раисҷумҳур интихоботро “шаффоф ва демократӣ” номид: «Ниҳоят муҳити хуб, ниҳоят вазъи дилхоҳ, дилпазир, дилнишин ва рақибони мо, ки талаб мекарданд, шаффоф гузарад, шаффоф гузашт. Ба созмондиҳандагон арзи миннатдорӣ баён мекунам.»

Се номзади дигар ба мақоми раисҷумҳур - Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистӣ, Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Талбак Исмоилов, номзад аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ аз тариқи расонаҳо аз раванди баргузориии интихобот ризоияти худро изҳор доштанд.

Таҳлилгари тоҷик, Абдулло Қодирӣ, ширкати ин номзадҳоро дар интихобот як падидаи мусбат арзёбӣ кард: «Ҳадафи аввали номзадҳо ин мушорикати сиёсӣ ва огоҳӣ додани мардум аз масоили сиёсӣ ва ҷараёнҳое, ки ҳаст, ки муҳим медонанд. Барои ин ҳарчанд баранда нашаванд ҳам, заминаро барои маъракаҳои баъдӣ мусоид месозанд ва аз тариқи он ва мардум огоҳӣ пайдо мекунанд, ки дар ҳақиқат ҳизбҳои дигар ҳам вуҷуд доштаанд.»

Натиҷаҳои интихобот низ ба фарқ аз соли 1999 зоҳири бештар мӯътадил доштанд. Чунончӣ, дар соли 1999 Эмомалӣ Раҳмонов 95 ва рақиби ӯ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Давлат Усмон 2 дарсад раъ гирифтанд. Аммо натиҷаҳои соли 2006-ро Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба ин шакл эълон кард:

  • Эмомалӣ Раҳмонов, Ҳизби халқӣ-демократӣ - 79,3 %
  • Олим Бобоев, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - 6,2 %
  • Исмоил Талбаков, Ҳизби коммунист 5,23 %
  • Амир Қароқулов, Ҳизби кишоварзӣ 5,15 %
  • Абдулҳалим Ғаффоров, Ҳизби сотсиалистӣ 2,8 %

Кумиссиюни марказии интихобот ҳамчунин эълом кард, ки Тоҷикистон барои баргузории интихоботи 6-уми ноябри соли 2006 беш аз 800 000 доллар харҷ намудааст. Ин маблағ барои нашри беш аз 3 миллион баргаи интихоботӣ, гувоҳномаҳои номзадон ва афроди мавриди эътимоди онҳо, хариди 3 ҳазор қуттии шаффоф, омода сохтани ҳавзаҳо ва қитъаҳои интихоботӣ сарф шудааст.

Иттиҳоди Аврупо бо ишора ба хулосаи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) гуфт, интихоботи президентии Тоҷикистон дар фазои осоишта ва беҳтар аз интихоботи гузашта доир шуда, нозирони САҲА вазифаҳояшонро бидуни кадом маҳдудият иҷро намудаанд. Дар айни замон, Иттиҳоди Аврупо изҳори таассуф кард, ки интихобот ба ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди САҲА ва меъёрҳои интихоботи демократӣ ҷавобгӯй набуд ва сарфи назар аз мавҷудияти панҷ довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ дар интихобот сабқати қобили мулоҳиза ба чашм нахӯрд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ гуфт, интихоботи президентии Тоҷикистон озод, шаффоф ва одилона набуд. Танҳо нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаркулманофеъ ин интихоботро демократӣ унвон кард.
XS
SM
MD
LG