Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як додгоҳ дар баҳси Кабирӣ бо шаҳрдорӣ аз шаҳрдорӣ ҳимоят кард


Раёсати назоратии додгоҳи пойтахт аризаи раиси ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди боздоштани иҷрои ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро радд кард. Додгоҳи ноҳиявӣ рӯзи 30 январ бар асоси шикояти шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев Кабириро муваззаф кард, ки тавассути матбуот аз шаҳрдорӣ узр бипурсад. и соли равон содир кард ва Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ-ро вазифадор кард, ки аз тариқи матбуот аз шаҳрдорӣ узр бипурсад. Баҳси шаҳрдорӣ бо Кабирӣ бар сари як суханронии ӯ дар парлумон аст, ки гуфт, бо ин дарахбуриҳои кунунӣ 10 сол пас Душанбе урён мешавад. Шаҳрдорӣ ин суханҳоро таҳқири шаъну эътибори худ хонда, ба додгоҳ шикоят бурд ва пирӯз омад. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 13 июн дар номае ба Кабирӣ ёдрас кард, ки ӯ бояд то 17 июн ҳукми додгоҳро иҷро кунад. Вале раиси ҲНИТ гуфт, узр нахоҳад хост, балки бозбинии ин ҳукмро аз зинаҳои болотари додгоҳӣ талаб мекунад.
XS
SM
MD
LG