Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши мизони хушунати маргбор дар Карочӣ


Комиссияи ҳуқуқи башари Покистон мегӯяд, дар шаҳри Карочии ин кишвар шумораи куштор ва ҷиноятҳои марбут бо хушунат афзоиш ёфтааст.

Тибқи гузориши ин созмони ғайридавлатӣ дар шаш моҳи аввали соли равон дар Карочӣ, ки бузургтарин шаҳри Покистон аст, беш аз 1700 ҳодисаи марги марбут бо хушунат ҷой доштааст.

Муаллифон таъкид кардаанд, ки танҳо дар моҳи июн дар ин шаҳри бандарии ҷануби Покистон 300 кас кушта шуданд.

Ба қавли комиссия дар Карочӣ дар шаш моҳи аввали соли 2012-ум 1200 куштор ва дар шаш моҳи аввали соли 2011-ум 1100 куштор ҷой доштааст.

Бар пояи ин гузориш дар нимаи аввали соли 2013-ум дар Карочӣ 700 узви гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ эҳтимолан бар асари сӯиқасдҳо кушта шудаанд.

Дар ин муддат ҳамчунон 100 афсари полис ҳалок гашта, беш аз 100 ҷасад ёфт шудааст.

Карочӣ бо 20 миллион аҳолиаш дар вартаи хушунатҳои қавмӣ, мазҳабӣ ва ҷиноӣ фурӯ рафтааст.
XS
SM
MD
LG