Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Амнияти СММ оби Осиёи Марказиро баррасӣ кард


Толори Шӯрои Амнияти СММ

Толори Шӯрои Амнияти СММ

Хабаргузории Итар тасс иттилоъ медиҳад, ки Шӯрои Амнияти СММ мегӯяд, таҳияи қарордоди истифодаи муштараки захираҳои оби Осиёи Марказӣ ширкати ҳамаи кишварҳои минтақаро тақозо мекунад.

Дар изҳороти Шӯрои Амнияти СММ, ки баъди машварат бо фиристодаи хоси дабири кулли СММ Мирослав Сенчи ба матбуот пешкаш шудааст, ба кишварҳои минтақа ишора мешавад, ки ҳамкорӣ дар чорчӯби маркази минтақавии дипломатияи ҷилавгирикунандаи Осиёи Марказӣ аҳамият дорад.

Иштироккунандагони ҷаласа ташаббуси маркази ёдшуда дар ҳалли ҳаматарафаи истифодаи оби рӯдҳои фаромарзиро қадрдонӣ намуда, кишварҳои минтақаро ба ширкати фаъол дар ин раванд даъват кардаанд.

Ҳалли мушкили истифодаи оби минтақа яке аз самтҳои калидии кори маркази СММ дар Осиёи Марказӣ дар солҳои 2012-2014-ум ба шумор меравад.

Хабаргузории Итар тасс навиштааст, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мушкили истифодаи об боиси ташаннуҷ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя шуда, Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон аз он нигаронанд, ки бунёди обанбори Роғун ба бадшавии муҳити зисти кишварҳои поёноб ва камбуди об барои ниёзмандиҳои кишоварзии ин кишварҳо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG