Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табдили мақоми Раҳмонқул Давлатов баъди интиқодаш аз Ожонсӣ


Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов тайи як фармон Анвар Алиевро сардори раёсати амнияти дохилии вазорат таъйин кардааст. Тибқи навиштаи торнамои вазорати умури дохила, бар асоси фармони вазир ҳамчунин Қудратулло Назаров сардори раёсати кофтукови ҷиноии ин вазорат таъйин шудааст. Рамазон Раҳимов ҳамчунин афроди навро ба раҳбарии шӯъбаҳои корҳоии дохилии ноҳияҳои Фирдавсӣ, Панҷакент ва шаҳри Қӯрғонтеппа таъйн намудааст.
То кунун раҳбари раёсати амнияти дохилии вазорати умури дохила Раҳмонқул Давлатов буд, ки дар оғози моҳи июл дар як ҳамоиш аз Ожонси мубориза бо маводи мухаддир башиддат интиқод кард. Оқои Давлатов гуфт, нафаронеро, ки бо ҷурми фасод дар вазорати дохила аз мақом барканор мешаванд, дар ин Ожонсӣ ба мақомҳои баланд таъйин мекунанд. Аммо Ожонси мубориза бо фасод як мавриди дар ин ниҳод соҳиби мақом шудани Баҳром Шокиров, раиси собиқи пулиис ноҳияи Рӯдакиро радд кард ва гуфт, ин нафар дархости кор дода буд, вале ин дархосташ аз тарафи Ожонсӣ пазируфта нашуд. Раҳмонқул Давлатов акнун сардори пулиси ноҳияи Панҷакент таъйин шудааст.
XS
SM
MD
LG