Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди нобудӣ ба Китобхонаи нобиноёни Ҳисор


Китобҳои адабиву дарсии нобиноён дар ноҳияи Ҳисор дар ҳолати нобудшавӣ қарор доранд. Нозимҷон Шарифов, раиси Маркази фарҳангии Комбинати нобиноёни Ҳисор рӯзи 16-уми июл ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки бинои китобхонаи нобиноён дар ин ноҳия дар ҳолати шадиди садамавӣ қарор дорад, аммо мақомоти масъули ноҳия ба он аҳамият намедиҳанд: «Дар ин китобхона беш аз 1000 китоби бадеию дарсӣ махсус барои нобиноён бо хати брайлӣ ва даҳҳо китоби дигари бадеию илмӣ ҷой дорад, аммо бар асари шикоф будани бом, ҳангоми боришҳо онҳо хароб шудаанд ва дар ҳолати нобудӣ қарор доранд.»

Вай афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон китобҳо барои нобиноён чоп намешаванд ва Комбинати нобиноён барои нашри ин китобҳо дар Русия ва овардани онҳо ба Тоҷикистон, имконият надорад. Нозимҷон Шарифов гуфт, ки ҳадафаш аз муроҷиат ба радиои "Озодӣ" ин аст, ки шояд идораҳое бошанд, ки пас аз огоҳӣ аз вазъи китобхонаи нобиноён, барои ёрӣ намудан таваҷҷӯҳ кунанд. Ҷамъияти нобиноёни ноҳияи Ҳисор беш аз 400 нафар аъзо дорад, ки ҳамаи онҳо барои дарёфти китоби дарсӣ ва бадеӣ ба китобхонаи Маркази фарҳангии нобиноён муроҷиат мекунанд.
XS
SM
MD
LG