Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи Меробишвилӣ таъхир ёфт


 Иване Меробишвилӣ

Иване Меробишвилӣ

Муҳокимаи собиқ сарвазири Гурҷистон Иване Меробишвилӣ ба таъхир афтид.

Вакили мудофиаи Меробишвилӣ Георгий Чивиашвилӣ рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки оғози муҳокима аз 15-уми июл ба 23 август интиқол дода шуд, зеро додситонӣ барои ҷамъи шаҳодатҳо вақти иловагӣ талаб кард.

Меробишвилӣ, ки дабири кулли ҳизби ваҳдати мардумии президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ мебошад, дар моҳи май бо иттиҳоми сӯиистифода аз қудрат, дуздӣ, тақдими ришва ба овоздиҳандагон ва рӯйпӯш намудани куштор боздошт шуд.

Меробишвилӣ айбномаро сиёсӣ меномад.

Баъди пирӯзии эътилофи Орзуи гурҷӣ дар интихоботи моҳи октябри соли гузашта ва сари қудрат омадани сарвазир Бидзина Иванишвилӣ чандин иттифоқчии президент Саакашвилӣ ҳабс шудаанд.
XS
SM
MD
LG