Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози афғони муттаҳам бо куштор фирор кард


Як сарбози афғон, ки бо куштори сарбози Словакия муттаҳам мешуд, аз маҳбас фирор кардааст.

Рӯзи душанбе нозирони маҳбаси вилояти Қандаҳори Афғонистон иброз доштанд, ки сарбози мазкур рӯзи якшанбе бо кумаки яке аз нозирони маҳбас фирор кардааст.

Ба гуфти генерал Абдулҳамид нозир ба дигарон гуфтааст, ки сарбози муттаҳам бо куштор шадидан бемор аст ва ба муоинаи табиб эҳтиёҷ дорад. Сипас ҳар ду бе ному нишон шудаанд.

Сарбози афғон рӯзи нуҳуми июл баъди тирборони сарбозони паймони НАТО ҳабс шуда буд.

Аз тири ин сарбоз як низомии Словакия ба ҳалокат расида, шаш нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар як соли гузашта дар Афғонистон бар асари ҳамлаҳои ба истилоҳ «дохилӣ» 60 афсару сарбози паймони НАТО кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG