Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии кулл дархост барои боздошти Додоҷони Атовуллоро рад кард


Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон дархост барои боздошти Додоҷони Атовулло, як рӯзноманигори мухолифи ҳукуматро, ки гуё тавассути ин ниҳод сурат гирифтааст, рад кардаанд.

Абдурашид Кишварзода, муовини Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи душанбеи 15 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "мо дар ин бора ягон маълумоте надорем ва ин ҳама гапу овозаҳои зиёдатӣ аст".

Ҷаноби Кишварзода дар посух ба ин суол, ки "дар гузашта додситонии кул дархости боздошти Додоҷони Атовуллоро карда буд, гуфт, ки "ин тавр набуд ва ин гуна гапҳо ҳам нест".

Ҳамзамон мақомоти додситонӣ дар бораи боздошти журналист Додоҷони Атовуллло вокунише накардаанд.
XS
SM
MD
LG