Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амонатбонк" қарзи Айёмбековро тариқи додситонӣ меситонад


Мақомоти Бонки давлатии амнонатгузории "Амонтабонк" мегӯянд, ки қарзи собиқ раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшонро тариқи додситонӣ меситонад. Гулнора Ҳасанова, раиси Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" рӯзи Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "мутаассифона собиқ раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ, ба хусус Толиб Айёмбеков то кунун танҳо 50 дарсади маблағи қарзи ин бонкро пардохтааст."

Ба ин далел Ҳасанова таъкид кард, ки ин бонк қарзи худро аз собиқ раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ, ба хусус Толиб Айёмбеков тариқи додситонӣ хоҳад ситонид"

Зеро Ҳасанова гуфт, ки додситонӣ нисбати собиқ раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшон парвандаи ҷиноӣ боз кардаааст ва ин амр имкон медиҳад, ки тариқи додситонӣ пулҳои "Амонатбонк" гирифта шавад. Ин дар ҳолест, ки авали соли ҷорӣ низ раҳбарияти "Амонатбонк" дар нишасти хабарии худ гуфта буданд, ки Толиб Айёмбеков танҳо ниме аз қарзҳояшро пардохт кардааст. Он замон масъулони "Амонатбонк" умед карда буданд, ки ин афрод битавонанд ҳар чӣ зудтар маблағҳои қарзиашонро бипардозханд.
XS
SM
MD
LG