Пайвандҳои дастрасӣ

Ба муҷрими садама дар Подолск расман айб эълон шуд


Ба ронандаи мошини боркаши КамАЗ, ки дар садамаи нақлиётӣ дар минтақаи Подолски Маскав муҷрим дониста мешавад, расман айб эълон шуд. Додситонии вилояти Маскав ронанда, шаҳрванди Арманистон, Грачя Арутюнянро дар нақзи қоидаи ҳаракати роҳ, ки боиси ҳалокати беш аз ду нафар шудааст, муттаҳам мехонад.

Рӯзи шанбе мошини КамАз-и ҳомили сангреза ба автобуси байнишаҳрӣ бархӯрд ва ин боиси ҳалокати 18 нафар ва захмӣ шудани 47 нафар дигар гардид. Ронанда алҳол дар бемористони ба номи Боткини Маскав таҳти назорати табибон қарор дорад.

Имрӯз дар шаҳр ва вилотяи Маскав ба ёди қурбониёни садамаи нақлиёти рӯзи мотам эълон шудааст.

Айни ҳол 33 тан аз маҷрӯҳон дар бемористонанд, вазъи ду нафари онҳо “басо вазнин” ва вазъи 14 нафари дигар “вазнин” арзёбӣ шудааст. Дар ин ҳодиса ду шаҳрванди Тоҷикистон, сокинони шаҳри Кӯлоб Қудратулло Анварӣ ва Беҳрӯз Эгамов ҳам ҳам ҷароҳат бардоштаанд. Табибон мегӯянд, ки ба ҳаёти онҳо хатаре таҳдид намекунад.
XS
SM
MD
LG