Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олӣ парвандаи "исфарагиҳо"-ро бозбинӣ карданӣ нест


Tajikistan -- Nusratullo Abdulloev, head of the Supreme Court of Tajikistan, Dushanbe, 16Apr2010

Tajikistan -- Nusratullo Abdulloev, head of the Supreme Court of Tajikistan, Dushanbe, 16Apr2010

Додгоҳи олӣ мегӯяд, бо вуҷуди чархишҳои пурсарусадои ахир ҳукмаш дар қиболи парвандаи "исфарагиҳо"-ро бозбинӣ нахоҳад кард.

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 15 июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, бо вуҷуди ба масъулят кашонда шудани додрас Нур Нуров ва додситонҳо Эмом Ғоибов ва Одил Очилов ҳукми Додгоҳи олӣ дар мавриди парвандаи пурсарусадои «исфарагиҳо» тағйир нахоҳад ёфт.

Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, бархе доираҳо иддао доранд, ки гӯё бо боздошти генералҳо Эмом Ғоибов ва Одил Очилов, раҳбар ва муовини сардори кумиссиюни тафтишотии парвандаи машҳури “исфарагиҳо», ҳукми додгоҳ нисбат ба 33 нафари маҳкумшуда дар чорчӯби ин қазия тағйир хоҳад хӯрд, вале, ба гуфтаи оқои Абдуллоев, ин дуруст нест. Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, ин ниҳод дар пайи таҳқиқу муҳокимаҳои мӯшикофона ҳукмашро содир мекунад ва аз ин рӯ зарурате барои бозбинии ҳукми «исфарагиҳо» нест.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2008 дар иртикоби парвандаи Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд ва мудири низ собиқи корхонаи кимиёвии Исфара, 33 нафарро ба мӯҳлати аз 10 то 25 сол маҳкум ба зиндон кард. Аммо чеҳраи калидӣ дар ин парванда - Низомхон Ҷӯраев – дар хориҷ дар ҳоли фирор қарор дошт.


Низомхон Ҷӯраев

Низомхон Ҷӯраев

Ӯ як сол пеш ба як гунаи то ҳол мармуз ба Душанбе баргашт ва ба гуфтаи манобеъ, дар як ҳолати нимаозоду нимабоздошт дапр Ожонси зиддифасод ба сар мебарад. Шикори ба истилоҳ «наҳангҳо»-и калони дахил дар «парвандаи исфарагиҳо» маҳз баъди ин бозгашти Ҷӯраев ба Ожонси мубориза бо фасод алайҳи мақомҳои баландпояи дахил дар парвандаи «исфарагиҳо» шаҳодат додани ӯ оғоз ёфт.

Ба дунбол, дар моҳи апрели соли равон собиқ додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нур Нуров, касе, ки ҳукми 33 сокини Исфараро бароварда буд, бо ҷурми «қаллобӣ» ба 8 соли зиндон ва Рустам Олимов, айбдоркунандаи давлатӣ аз додситонии кулли Тоҷикистон дар ин мурофиа низ бо ҷурми қаллобӣ ба 10 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуданд. Дар моҳи май Ожонси зиддифасод аз боздошти раҳбар ва муовини сардори кумиссиюни тафтишотии парвандаи машҳури “исфарагиҳо» Эмом Ғоибов ва Одил Очилов хабар дод.

Дар хабари расмиии Ожонси зиддифасод гуфта мешуд, “дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ директори ҶСШК «Заводи кимиёвии шаҳри Исфара» Ҷўраев Низомхон Ҳайдарович 13 майи соли 2013 аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати собиқ сардори Раёсати тафтишоти Агентӣ Ғоибов Эмом Назарович бо моддаҳои 319 қисми 4 бандҳои «г», «в» (гирифтани пора ба миқдори махсусан калон) ва 345 қисми 3 КҶ ҶТ (монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ ва тафтишоти пешакӣ) ва собиқ сардори шўъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Очилов Одилҷон Иномҷонович бо моддаи 247 қисми 3 (қаллобӣ) ва 319 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбарии гурўҳи фаврӣ-тафтишотиро ба ўҳда доштанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.”

Аммо Эмом Ғоибов дар як номаи саркушода, ки аз боздоштгоҳ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон навиштааст, иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, Низомхон Ҷӯраевро раҳбари як шабакаи муташаккили ҷиноӣ номидааст. Эмом Ғоибов дар номааш гуфтааст, тавре аз ҷараёни бозпурсиҳои ӯ бармеоянд, зоҳиран ҳадаф аз ин таъқибу боздошт на шахси ӯ, балки додситони кулл Шерхон Салимзода аст, ки ҳамсабақи донишгоҳии Эмом Ғоибов будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG