Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатлон. Ҳалокати 70 кас дар садамаҳои нақлиётӣ дар 6 моҳ


Тайи шаш моҳи гузашта дар қаламрави вилояти Хатлон 144 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба вуқуъ пайваста, дар пайи он 70 шаҳрванд, аз он ҷумла 7 ноболиғ, ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои Ёрмаҳмад Давлатов, корманди масъули раёсати БДА дар вилояти Хатлон, ҳамчунин 147 нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ осеб дидаанд. Ба гуфтаи оқои Давлатов, тибқи таҳлилҳои онҳо, садамаҳо бештар дар роҳҳои тармимшудаи аҳамияти ҷумҳуриявидошта сар задаанд. Ронандаҳо вуҷуди аломатҳои ҳушдордиҳанда дар бораи то 80 км/с маҳдуд будани суръати ҳаракатро нодида мегиранд ва ҳамчунин иддае аз онҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳро хуб намедонанд, ки ин ҳама бо садамаҳо анҷом меёбад.
XS
SM
MD
LG