Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Хатлон 300 олим фаъолият доштаанд


Наздики 300 нафар олимон, ходимони илм ва муҳаққиқони варзида дар соҳаҳои гуногуни вилояти Хатлон фаъолияти пурсамари илмию тадқиқотӣ, истеҳсолӣ ва омӯзгорӣ мебаранд. Ба иттилои масъулони дастгоҳи раиси вилоят, миёни олимон 35 академик, профессорону докторон ва 250 нафар дотсентону номзадҳои илм ба ҳайси роҳбар, корманд ва ходимони илмию омӯзгорӣ фаъолият доранд. Бо мақсади тайёр кардани кадрҳои илмӣ, алҳол дар назди донишгоҳҳои давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб шӯъбаи аспирантура амал карда, беш аз 100 унвонҷӯю таҳқиқотчии соҳаҳои гуногунро фаро гирифтаанд. Тайи 5 соли охир тавассути Шӯрои диссертатсионии назди донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, 62 нафар унвонҷӯёну таҳқиқотчиёни ҷавон рисолаи номзадӣ ва 4 олими эҷодкор рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG