Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин машқҳои низомии Русия дар Шарқи Дур идома дорад


Дар шарқи Дури Русия амалиёти густардаи омодагии муҳорибавии Русия идома дорад. Путин дастур додааст, ки омодагии муҳорибавии ҳамаи бахшҳои низоми ин минтақа 12 июл санҷида шавад.

Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ин бузургтарин машқҳои низомӣ дар навъи худ дар қаламрави Русия арзёбӣ мешавад. Дмитрий Манюкин-фармондеҳи ширкати нируҳои зиреҳдори Русия гуфт:

“Аз вақте, ки вазири дифои нав (Сергей Шойгу) таъйин шудааст, ба омодагии низомии мо хеле ҷиддӣ муносибат мекунанд. Талабот барои омодагии муҳорибавӣ аз ҳар вақти дигар хеле сахт шудааст”.


Дар ин машқҳо нируҳои дарёӣ, воҳидҳои стратегии бомбафкан, дифои зиддимушакӣ, мушакҳои тактикиву стратегӣ ва нируҳои пиёдаву зиреҳпӯш ширкат доранд.

Шумораи номуайяни ҳавопаймоҳои бомбафкани навъи Tu-95MS дар пойгоҳи ҳавоии минтақаи Амур ба амалият ҳамроҳ шудаанд. Бригадаи танкӣ иборат аз 100 танк 1 100 километрро аз Буряътия то ба Цуголи вилояти Чита тай кардааст. Путин гуфтааст, ки мумкин аст дар ин машқҳо худаш шахсан ширкат кунад.
.
XS
SM
MD
LG