Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Томск як чархболи Ми-8 баъд аз парвоз суқут кард


Дар вилояти Томски Русия ҳангоми суқути чархболи Ми-8Т 7 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ин чархбол субҳи рӯзи якшанбе баъд аз бархостан аз замин натавонистааст парвозро идома диҳад ва билофосила ба замин афтодааст. Ожонси федеролии нақлиёти ҳавоии Русия ба маҳали ҳодиса коршиносонро фиристодааст, то ба ин ҳодиса расидагӣ анҷом диҳанд.

Дар маҷмӯъ дар чархбол 14 мусофир ва се халабон нишаста будаанд ва чархбол ба ширкати ҳавоии Газпромавиа таъаллуқ доштааст. Як халабон ва се мусофир дар вазъи сангин қарор доранд.
XS
SM
MD
LG