Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷорҷ Зиммерманро додгоҳи Амрико бегуноҳ эълон кард


Хонаводаи Трейвон Мартин

Хонаводаи Трейвон Мартин

Дар як мурофиаи додгоҳӣ дар Амрико, ки дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт, марде, ки ба як навраси сиёҳпӯсти бесилоҳ дар аёлати Флорида оташ кушод ва вайро ба ҳалокат расонд, бегуноҳ эълон шуд. Ҳайати қозиёни додгоҳ, ки аз шаш зан иборат буд, рӯзи шанбе ҳамаи иттиҳомоти зидди Ҷорҷ Зиммерманро барои куштори Трейвон Мартин лағв кард.

Ин куштор моҳи феврали соли 2012 рух дода буд ва Зиммерман мегӯяд, ки дар ҳамлаи шабона ба хотири дифоъ аз худ маҷбур шудааст барои аз байн бурдани шахси ҳамлакунанда, яъне Мартин оташ кушояд.

Агар Зиммерман гунаҳгор дониста мешуд, вайро ба ҳабси абад маҳкум мекарданд. Рӯзи шанбе дар баъзе аз шаҳрҳои Амрико мардуми африқоинажод бар зидди ҳукми додгоҳ барои Зиммерман тазоҳуроти эътирозӣ барпо карданд ва гуфтанд, ки ин куштор ангезаи нажодӣ дорад. Зиммерман испаниёинажод аст.
XS
SM
MD
LG