Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони Чину Тоҷикистон ҳамкориҳоро баррасӣ карданд


Ҳамроҳхон Зарифӣ ва Ванг Йӣ
Ҳамроҳхон Зарифӣ ва Ванг Йӣ
Рӯзи шанбе дар ҳошияи мулоқоти вазирони корҳои хориҷаи узви Созмони ҳамкории Шонгҳой Ҳамроҳхон Зарифӣ ва Ванг Йӣ- вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Чин бо ҳам дидор ва гуфтугӯ карданд. Ин мулоқот дар Чолпон Атаи Қирғизистон баргузор шуд.

Баъд аз мулоқот Ванг Йӣ гуфт, имзо шудани паймони муносиботи стратегии Чину Тоҷикистон дар моҳи май ба оғози марҳилаи нав дар густариши равобити дуҷониба роҳ боз кард.

Ванг гуфт, Чин омода аст боварии дуҷонибаи сиёсиро амиқтар кунад, ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро дар бахшҳои энерживу кишоварзӣ ва иҷрои қонун равнақ диҳад, то аз он мардуми ҳар ду ҷониб манфиати бештар бардоранд.

Ҳамроҳӣон Зарифӣ ба навбати худ гуфтааст, кишвараш ба равобит бо Чин аҳамияти бузурге қоил буда, ба ҳайси ҳамкору шарик ба Пекин авлавият медиҳад.
Вазири корҳои хориҷаи Чин дар ҳошияи мулоқоти Шонгҳой ҳамчунин бо вазирони корҳои хориҷаи Русия ва Қазоқистон мулоқот кард.
XS
SM
MD
LG