Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Саъудӣ аз беморон барои худдорӣ аз маросими ҳаҷҷ


Арабистони Саъудӣ аз одамони калонсол ва беморон дархост кардааст, ки аз зиёрати ҳаҷҷ худдорӣ кунанд, то ки аз роҳи нафас вирусҳои беморӣ паҳн нашавад. Дар ин кишвар аз моҳи сентябри соли гузашта то ҳол 48 нафар аз вирусҳое, ки аз роҳи нафас сироят кардаанд, ҷон додаанд.

Вазорати беҳдошти Арабистони Саудӣ рӯзи шанбе дар сомонаи худ дар эъломияе гуфтааст, ки ин эъломия ба маросими ҳаҷҷи моҳи октябр иртибот дорад.

Дар ин эъломия ҳамчунин ба занони ҳомила ва кӯдакон пешниҳод шудааст, ки онҳо низ аз ҳаҷҷ худдорӣ кунанд. Вале дар эъломия гуфта намешавад, ки оё ба ин гуна одамон раводид ё виза ба Арабистони Саъудӣ дода мешавад ё хайр.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG