Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳодисаи нақлиётии наздикии Маскав 18 кас кушта шудаанд


Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, ки рӯзи шанбе дар натиҷаи ба ҳам бархӯрдани як автобус ва мошини борбар дар беруни шаҳри Маскав 18 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба гуфтаи пулис, мошини борбар ба роҳи аслӣ баромадааст ва ба автобус бархӯрдааст. Вазорати дохилаи Русия мегӯяд, дар миёни 18 нафари кушташуда як кӯдак низ ҳаст.

Хабаргузории РИА Новости иттилоъ додааст, ки автобус дар вақти муайян одамонро аз Подолск савор кардааст ва ба самти Жоховои Маскав ҳаракат мекардааст. Баъд аз бархурди мошин автобус ду тақсим шудааст.
XS
SM
MD
LG