Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама ва Путин телефонӣ дар бораи Сновден сӯҳбат карданд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия телефонӣ масъалаи Эдвард Сновден-корманди пешини кашфи Амрикоро, ки ҳоло дар фирор қарор дорад, баррасӣ карданд. Дар бораи ин сӯҳбат ҷузъиёт пахш нашудааст.

Рӯзи ҷумъа Кохи Сафед ба Русия ҳушдор дод, ки додани паноҳандагӣ ба Сновден “заминаи таблиғот”-ро ба вай фароҳам меорад. Рӯзи ҷумъа Сновден эълон кард, ки аз Русия дархости паноҳандагӣ кардааст.

Сновден дар фурудгоҳи байналмиллалии Шереметевои Маскав бо фаъолони ҳуқуқи башар мулоқот кард. Вай 23 июн аз Ҳонг Конг вориди ин фурудгоҳ шуд ва то ҳол дар он ҷо ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG