Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар канори Порис қатора аз масир берун шуд


Мануэл Валлс, вазири умури дохилии Фаронса, хабар дод, ки бар асари аз масир берун шудани қатора дар наздикиҳои Порис дасти кам ҳафт нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин ҳодиса шоми ҷумъа дар шаҳри Бретини-сюр-Орҷ, воқеъ дар 20-километрии пойтахти Фаронса рӯй дод. Қатораи байншаҳрӣ аз Порис сӯи шаҳри Лимож ҳаракат мекард.

Ба гуфтаи масъулини ширкати роҳи оҳан, қатори байнишаҳрӣ тақрибан 350 мусофир дошт. Кормандони хадамоти наҷотбахшӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд.
Мануэл Валлс ҳадс зад, ки шояд теъдоди қурбониёни ҳодиса афзоиш ёбад. Сабаби садамаи қатора ҳанӯз эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG