Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорону мухолифини Мурсӣ боз дар Қоҳира ҷамъ омаданд


Дар шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср, ҳазорон нафар ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ дар канори масҷиди Рабъа ал-Адавия ҷамъ омада, хостори бозгардони қудрат ба ӯ шуданд. Тазоҳургарон алайҳи артиш, ки, ба гуфтаи онҳо, рӯзи 3 июл “кудатои низомӣ” анҷом додааст, шиор мезаданд. Худи Муҳаммад Мурсӣ аз сӯи низомиён боздошт шудааст ва айни ҳол, ба иддаои мақомоти кишвар, дар ҷойи амн нигаҳ дошта мешавад. Алайҳи раисиҷумҳури пешин ягон иттиҳом эълон нашудааст.

Мухолифини Муҳаммад Мурсӣ ҳам баъд аз намози шом ва ифтор дар майдони Таҳрир ва канори Кохи раёсатҷумҳурӣ ҷамъ омаданд.

Рӯзи ҷумъа нахуствазири муваққати Миср Ҳозем ал-Баблавӣ ваъда дод, ки ҳафтаи оянда ҳукумати нав таъсис хоҳад шуд. Масъулин умедворанд, ки бо таъсиси ҳукумати нав зиндагӣ ба маҷрои пешин бармегардад.
XS
SM
MD
LG