Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эдвард Сноуден хостори паноҳандагӣ дар Русия шуд


Эдвард Сноуден, корманди собиқи қарордодии Оҷонси амнияти миллии ИМА, хостори паноҳандагии муваққатӣ дар Русия шудааст. Дар ин бора хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба сиёсатмадорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башари рус иттилоъ дод. Нимаи дуввуми рӯзи ҷумъа онҳо дар фурудгоҳи “Шереметиево” бо Сноуден мулоқот карданд.Яке аз ҳомиёни ҳуқуқи башар ба хабаргузорӣ гуфт, ки Сноуден имкони муқими яке аз кишварҳои Амрикои Лотин шуданашро байид намедонад.

Вакили Думаи давлатии Русия Вячеслав Никонов хабар дод, ки Сноуден ҳадафи аз ин баъд осеб расонидан ба манфиатҳои Амрикоро надорад. Дмитрий Песков, суханшӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор намуд, ки Кремл ҳанӯз дархости Эдвард Сноуден барои дарёфти паноҳгоҳи муваққатро дастрас накардааст, аммо шарти Маскав барои ироаи паноҳандагӣ ба ӯ дигар нашудааст – яъне, Сноуден бояд аз латма задан ба манфиатҳои ИМА даст бардорад.

Эдвард Сноуден дар ватанаш дар ҷосусӣ ва ифшои барномаҳои махфии идораҳои кашфи Амрико айбдор мешавад ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мулоқоти Эдвард Сноуден бо сиёсатмадорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия дар фурудгоҳи “Шереметиево” пушти дарҳои баста сурат гирифт. Ӯ аз 23 июн ба ин сӯ, баъди парвоз аз Ҳонконг, ва лағви эътибори шиносномаи амрикоияш дар минтақаи тронзитии ин фурудгоҳ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG