Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаи китобхонаҳои Кӯлоб асарҳои Сталин, раҳбари маъруфи иттиҳоди Шӯравиро ҷустуҷӯ мекунад ва омодааст аз сокинон ин асарҳоро харидорӣ кунад.

Масъулин як китоби Сталинро то 20 сомонӣ аз сокинон барои нигаҳдошт дар фонди вижаи китобхона харидорӣ хоҳанд кард.

Нуралӣ Қурбоналиев, директори шабакаи китобхонаҳои Кӯлоб мегӯяд, дар китобхонаи марказӣ гӯшаи вижаи асарҳои сиёсии замонӣ шӯравиро таъсис додаанд ва он ҷо ҳанӯз асарҳои Сталин комил нест. Ӯ мегӯяд, пас аз як таҳқиқ маълум карданд, ки асарҳои Сталин дар замони Хрушёв, раҳбари дигари Шӯравӣ, ки тавсифи Сталинро «шахспарастӣ» унвон карда буд, аксаран аз ҷониби мансабдорони маҳаллӣ нобуд ва аз китобхонаҳо берун шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Қурбоналиев, садҳо нусха асарҳои Маркс, Энгелс ва Ленин, асосгузорони сотсиализми амалгаро дар китобхонаҳо рӯи ҳам хобидаанд. Ба гуфтаи Қурбоналиев, теъдоди донишҷӯён ва унвонҷӯёне, ки асарҳои сиёсии замон Шӯравӣ, аз ҷумла асарҳои сиёсии Сталинро мепурсанд, бештар шудааст.

Ӯ гуфт: «Ҳамин китобҳо бояд нигоҳ дошта шаванд. Инҳо дигар барои омӯзиш ҳастанд. Дар таҷрибаам мебинам, ки омада асарҳои Сталинро мепурсанд. Аз ин рӯ, ин китобҳоро бояд ҷамъоварӣ карда, нигоҳ дошт. Инҳо барои омӯзиши сиёсати ҳамон давр лозим мешаванд. Яъне, ин ҷо омӯзиш аст, муқоиса ҳаст, ки бе мутолиаи ин китобҳо намешавад. »

Феълан, дар Донишгоҳи Кӯлоб, филиали Донишгоҳи технологӣ, колеҷи тиббӣ, санъа ва омӯзгорӣ беш аз 20 унвонҷӯ мавзӯҳои сиёсиву иқтисодиеро пайгирӣ мекунанд, ки бе варақ задании китобҳои сиёсии замони Шӯравӣ, анҷом додани пажӯҳишашон номумкин аст.


Сулаймон Холов, хабарнигори маҳаллӣ, ки ҳоло яке аз наздиконаш дар Русия кори илмӣ мебарад, беш аз ду моҳ асарҳои Сталинро ҷустуҷӯ кардааст. Ӯ мегӯяд, як нафар аз наздиконаш забони тарҷумаи асарҳои сиёсии замони Шӯравиро пажӯҳиш мекард ва ба ин хотир бояд асарҳои Сталин бо забони тоҷикиро низ бояд варақ мезад: «Бовар кун, аз китобхонаҳои калон сар карда, то китобхонаҳои деҳотӣ асарҳои Сталин кофтам. Ҳамагӣ се нусха ёфтам, вале барои бурдан иҷозат надоданд. Фақат гуфтанд, ки ҳамин ҷо хон. Баъзе ҷойҳояшро нусхабардорӣ карда, фиристодам, вале ба ҷуз ин се нусха китобе пайдо накардам.»

Аммо Қурбоналӣ Нуралиев, директории шабакаҳои китобхонаҳо дар Кӯлоб мегӯяд, то ҳанӯз асарҳои Сталин дар дасти комунистони вафодор боқист, вале на ҳамаи онҳо хоҳиши ба китобхона додани ин китобҳоро доранд.

Раҷабалӣ Назаров, коммунисти собиқадор мегӯяд, ӯ тамоми асарҳои Сталинро дар китобхонаи шахсиаш дорад, вале онро ба касе, ҳатто бо қимматтарин нарх нахоҳад дод: «Ин асарҳои пурқимат зеби китобхонаи шахсии ман ҳастанд. Онҳоро дар ҳамин ҷо нигоҳ медорам. Ин чизҳои шахсиам ҳаст. Пас аз мурданам агар фарзандонам онҳоро ба китобхонаҳо супоранд, мумкин, вале ҳоло чунин ният надорам.»

Дар ҳамин ҳол, Абдураҳим Азимов, директории бузургтарин китобхона дар Кӯлоб, китобхонаи ба номи Айнӣ мегӯяд, то ду се соли пеш китобҳои сиёсии замони Шӯравӣ хонанда надошт, вале ҳоло мушоҳида кардааст, ки дар як ҳафта 5 хонанда китоби Ленин, як нафар асарҳои Марксро варақ задааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки то ҳанӯз дар ягон китобхонаи Кӯлоб нусхаҳои пурраи асарҳои Сталин вуҷуд надорад ва масъулин тасмим доранд, онро пурра кунанд.
Дар шабакаи китобхонаҳои Кӯлоб наздики 200 ҳазор нусха китоб нигаҳдорӣ мешавад, ки аз ин ҳисоб 70 дар садаш адабиёти сиёсии замони Шӯравӣ, мисли асарҳои Ленин, Маркс ва Энгелс ҳаст. Ба ҷуз асарҳои Сталин, ки ба гуфтаи масъулин, солҳои 60-уми асри гузашта аз китобхонаҳо ғайб задаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG