Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сноуден дар Маскав мулоқот анҷом дод


Собиқ ходими қарордодии идораи ҷосусии ИМА Эдвард Сноуден дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Шереметевои Маскав бо ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия мулоқот анҷом дод.

Сноуден, ки бо ифшои барномаҳои пинҳонии назорати ИМА муттаҳам мешавад, барои аввалин бор аз замони вурудаш ба Маскав мулоқот доир кард. Ӯ 23-уми июн аз Ҳонг Конг ба Маскав омада буд.

Мулоқоти рӯзи ҷумъа пушти дарҳои баста сурат гирифт. Сноуден ваъда додааст, ки бо рӯзноманигорон ҳам вомехӯрад. Венесуэла, Боливия ва Никарагуа мегӯянд, ҳозиранд ба Сноуден паноҳгоҳи сиёсӣ диҳанд.
XS
SM
MD
LG