Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири муваққат ба кор шурӯъ кард


 Ҳозим ал-Бабловӣ

Ҳозим ал-Бабловӣ

Сарвазири муваққати Миср мегӯяд, эҳтимол рӯзҳои якшанбеву душанбе музокироти ташкили ҳукумати нави ин кишварро шурӯъ кунад, то дар давоми ҳафтаи оянда ҳукумати нав ба маросими савгандёдкунӣ омода бошад.

Ҳозим ал-Бабловӣ, собиқ вазири молияи Миср, баъди барканоршавии президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ дар таърихи 3-уми июл ба мансаби сарвазири ин кишвар пешбарӣ шудааст.

Ҳукумати муваққати Миср бар пояи як “Харитаи роҳ” кишварро то замони интихобот ва эҳёи ҳукумати мулкӣ сарварӣ хоҳад кард. Дар ин байн мухолифин ва тарафдорони президенти барканоршудаи Миср аз пайравонашон даъват карданд, рӯзи ҷумъа ба раҳпаймоиҳо бароянд.

Ҷунбиши Ихвонулмуслимин (Бародарони мусулмон), ки аз пуштибонҳои асосии Муҳамад Мурсӣ мебошад, мегӯяд, то замоне, ки Мурсӣ дар мансабаш барқарор нашавад, эътирозҳоро хотима нахоҳад бахшид.

Ҳафтаи равон беш аз 50 тарафдори Мурсӣ дар шароити баҳсбарангез, дар назди бинои Горди ҷумҳурӣ, ки тибқи хабарҳо президенти барканоршуда дар он ҷо нигаҳдорӣ мешавад, ба қатл расиданд.
XS
SM
MD
LG