Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 6 моҳ 472 ҳазор тоҷикистонӣ ба Русия сафар кардааст


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тайи шаш моҳи соли равон 571ҳазору 209 нафар бо сабабҳои мухталиф Тоҷикистонро тарк намуда ва дар ҳамин муддат 298 ҳазору 629 нафар бозгаштаанд. Малоҳат Назирова, корманди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 12--уми июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар муддати 6 моҳи ахир 571ҳазору 209 нафар ба кишварҳои мухталиф рафтаанд, ки аз ҳама бештари онҳо ба Русия сафар намуданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, теъдоди шаҳрвандоне, ки ба Русия сафар кардаанд ба 472 ҳазору 312 нафар баробар мебошад. Кишвари дуввуме, ки бештар сокинони Тоҷикистон рафтаанд Қазоқистон мебошад, ки теъдоди онҳо 69 ҳазору 48 нафарро дар бар мегирад

Малоҳат Назирова мегӯяд, «онҳое, ки дар ин муддат Тоҷикистонро тарк кардаанд, танҳо барои муҳоҷирати корӣ нарафтаанд, бархе аз онҳо барои корҳои шахсӣ ё барои тиҷорату саёҳат берун рафтаанд.»

Масалан, беш аз 40 ҳазор нафар барои корҳои шахсӣ ва беш аз 30 ҳазор нафар барои тиҷорат ва ҳудуди 10 ҳазор нафар бо мақсади саёҳат ба кишварҳои хориҷӣ сафар кардаанд. Тайи 6 моҳи ахир беш аз 50 ҳазор зан ба хориҷи кишвар рафтааст ва ҳудуди 60 ҳазор нафари зан аз хориҷ ба Тоҷикистон баргаштаанд. Агар дар 6 моҳи соли 2013 соли 571ҳазору 209 бо сабабҳои мухталиф аз Тоҷикистон берун рафта бошанд, ҳамин давраи соли гузашта 499 ҳазору 107 нафар кишварро тарк карда буданд. Хадамоти Муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки аз 1-уми августи соли 2008 ба ин тараф равуои шаҳрвандон ба хориҷаро дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурӯдгоҳҳо тавассути варақаи бақайдгирии муҳоҷират ба роҳ мондааст.
XS
SM
MD
LG