Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон телевизиони варзишӣ роҳандозӣ мешавад


Барои нахустин бор дар Тоҷикистон телевизиони варзишӣ рӯи кор хоҳад омад. Дар ин бора рӯзи 12-уми июл Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ҷаноби Раҳмонов гуфт: «Феълан як бино аз ҳисоби Кумитаи радио ва телевизион омода мешавад ва тарҳрезии лоиҳаи ин телевизион ба нақша гирифта шудааст. Ва дар муддати на камтар аз як соли оянда ин телевизион ба фаъолият шуруъ мекунад.»

Раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳамчунин аз ворид шудани ариза дар мавриди таъсиси телевизион аз ҷониби ҲНИТ хабар дод. Вай гуфт, ба кумитаи онҳо дар ин маврид танҳо як ариза ворид шудааст ва дар ҳолати пешниҳод шудани дархостҳои дигар, кумита омодааст, тибқи талаботи қонунгузории кишвар талаботи довталабро амалӣ кунад. Зимнан, дар авохири соли гузашта низ масъулини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ирсоли асноди расмии худ барои сабти ном ва боз кардани телевизион ва радиои ин ҳизб хабар дода буданд.
XS
SM
MD
LG