Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми раҳоии вакилони қирғиз бознигарӣ мешавад


Қамчибек Тошиев, Содир Ҷабборов ва Талант Момитов ( аз чап ба рост)
Қамчибек Тошиев, Содир Ҷабборов ва Талант Момитов ( аз чап ба рост)
Додгоҳи Олии Қирғизистон қазияи се вакили мардумиро, ки аз тарафи додгоҳ бегуноҳ шинохта шудаанд, мавриди бознигарӣ қарор медиҳад.

Дафтари матбуотии Додгоҳи Олӣ мегӯяд, муҳокима рӯзи сешанбе оғоз хоҳад ёфт. Вакилони мардумӣ аз ҳизби Ота-Ҷурт Қамчибек Тошиев, Содир Ҷабборов ва Талант Момитов дар моҳи март ба муддати аз як то якуним сол аз озодӣ маҳрум шуда буданд.

Онҳоро бо ташкили гирдиҳамоиҳои зиддиҳукуматии моҳи октябри гузашта дар шаҳри Бишкек муҷрим донистанд, вале моҳи июн баъди ҳамлаи тарафдорони вакилони мардумии ёдшуда болои ҷаласаи додгоҳ додрасҳо ҳар серо бегуноҳ шинохта буданд.

Ҳафтаи гузашта додситонии шаҳри Бишкек бознигарии ҳукми бегуноҳии Тошиев, Ҷабборов ва Момитовро талаб кард.
XS
SM
MD
LG