Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути чархболи НАТО дар Афғонистон


 Нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) дар фурудгоҳи шаҳри Мазори Шариф

Нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) дар фурудгоҳи шаҳри Мазори Шариф

Сухангӯи нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) Вил Гриффин мегӯяд, дар вилояти шимолии Бағлони Афғонистон як чархболи онҳо сарнагун шудааст.

Ба қавли номбурда ҳодиса рӯзи ҷумъа ба вуқӯъ пайвастааст.

Гриффин тафсилоти бештар надод, вале раиси ноҳияи Буркаи вилояти Бағлон Абдулҷаббор Исломӣ суқути чархболро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳодиса нимашаб рӯй додааст.

Сухангӯи Толибон Забиҳулло Муҷоҳид мегӯяд, ки чархболро Толибон сарнагун кардаанд, вале ин маълумот аз тарафи манобеи мустақил тасдиқ нашудааст.

Нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон таҳти назорати паймони НАТО қарор доранд
XS
SM
MD
LG