Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Косово сербҳои маҳаллиро афв мекунад


 Гирдиҳамоии мухолифони афви сербҳо дар Приштина
Гирдиҳамоии мухолифони афви сербҳо дар Приштина
Парламенти Косово барои сербҳое, ки бар зидди ҳукумати ин кишвар қиём карда буданд, афв эълон намуд.

Қонуни афв сербҳои маҳаллиро, ки дар соли 2008-ум бар зидди истиқлоли Косово аз Сербия тарғибу ташвиқ кардаанд, дар бар мегирад.

Ин қонун яке аз шартҳои беҳбуди равобити миёни ду кишвар буд, ки дар моҳи апрел бо миёнаравии Иттиҳодияи Аврупо ҳосил шудааст.

Бо қабули ин қонун мақомоти Приштина манотиқи шимолии Косоворо, ки дар он ақаллияти сербтабор иқомат дорад, таҳти тасарруфи худ қарор медиҳанд.

Муовини сарвазири Косово Хайриддини Кучӣ қабл аз минбари парламенти Косово гуфт:

Вақте қонун ҷавобгӯи талаботи мардум нест, он бояд тағйир ёбад. Аз ин нуқтаи назар тавре мебинем, лоиҳаи пештараи ин қонун ҷавобгӯи ниёзмандиҳои бахше аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, баъзе нерӯҳои сиёсӣ ва афроди алоҳида набуд, аз ин рӯ, имрӯз лоиҳа бо тағйирот матраҳ шудааст.”

Рӯзи панҷшанбе аз миёни 120 вакили мардумии Косово 90 нафар онро дастгирӣ намуданд. Дар рӯ ба рӯи парламенти фаъолони ҷамъиятӣ бар зидди тасвиби қонун гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

Моҳи равон сербҳои Косово ба ҷои ризоят ба ширкат дар интихоботи маҳаллии моҳи ноябр маҷлиси қонунгузори худро ташкил намуданд.
XS
SM
MD
LG