Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китобҳои Сталинро дар Кӯлоб ҷамъоварӣ мекунанд


Идораи фарҳанг ва раёсати китобхонаи вилоятии ба номи Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб хостори харидорӣ ва ҷамъоварии китобҳои Иосиф Сталин аз мардум шудааст.
Хайрулло Тоҳиров, раиси идораи фарҳанги шаҳри Кӯлоб рӯзи ҷумъаи 12 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ зини таъйиди ин хабар гуфт, ки "ҳадафи аслии ин иқдом он аст, ки дар бойгонии китобхонаҳои минтақаи Кӯлоб китобҳои Иосиф Сталин қариб ки намондаанд".

Ҷаноби Тоҳиров афзуд, ки "бештари муҳақиқон ва донишмандони кӯлобӣ китобҳои Сталинро дархост мекунанд, аммо китобхонаҳои минтақа наметаонанд хостаи онҳоро бароварда кунанд. Чун китобҳои Иосиф Сталин дар китобхонаҳо ангуштшуморанд".

Ба таъиди ин мақоми Идораи фарҳанги шаҳри Кӯлоб, ахиран дар Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб, гӯшаи махсуси китобҳои сисёсии замони Шуравӣ ташкил шуд, маълум гардид, ки шумори хеле ками китобҳои Сталин дар китобхона аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, қарор шудааст, ки китобҳои Иосиф Сталин аз мардум ба маблағи то 20-сомонӣ харидорӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG