Пайвандҳои дастрасӣ

Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона, ки дар Қазони Русия ҷараён дорад, то рӯзи 17-уми июл идома хоҳад кард.

Баъди натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқот мунтахаби Русия бо касби 135 медал (72 тилло, 33 нуқра ва 30 биринҷӣ) дар ҷойи аввал мебошад. Кореяи Ҷанубӣ (12+6+8) дар ҷойи дувум ва Ҷопон (10+12+15) дар ҷойи севум қарор доранд.
Дар байни 10 дастаи пешсаф, инчунин, Чин (9+15+5), Украина (7+15+19), ИМА (4+3+4), Африқои Ҷанубӣ (4+2+2), Фаронса (3+4+7), Олмон (3+4+5) ва Беларус (3+4+3) ҷойгир шудаанд.

То ҳоло варзишгарони 35 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 54 кишваре, ки соҳибони медалҳо гардидаанд, бо 3 медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар мақоми 41-ум ва миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Узбакистон қарор дорад.

Мавқеи кишварҳои собиқи шӯравӣ дар ҳисоби умумидастаӣ чунин аст: 1. Русия (72+33+30). 5.Украина (7+15+19), 10. Беларус (3+4+3). 13. Литва (3+1+2). 14. Қазоқистон (2+6+8). 15. Туркманистон (2+3+6). 17. Қирғизистон (2+2+6). 21. Узбакистон (1+7+8). 27. Озарбойҷон (1+2+1). 28. 38. Арманистон (0+2+1). 39. Молдова (0+1+10). 41. Латвия (0+1+2). 41. Тоҷикистон (0+1+2). Танҳо ду кишвари собиқи шӯравӣ – Гурҷистон ва Эстония то ҳоло медал нагирифтаанд.

Бояд гуфт, ки ҳарсе медали мунтахаби Тоҷикистонро донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар сабқати гуштии камарбандӣ ба даст оварданд. Ёдовар мешавем, ки Абдуазим Бойназарови 20-сола дар рақобатҳо дар вазни то 68 кг бо услуби озод миёни мардон барандаи медали нуқра гардид. Дар ин навъи рақобатҳо дар вазни то 62 кг байни мардон гуштигири дигари тоҷик Маҳмад Мирови 21-сола бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Гуландом Қаробоева, ки 22-юми сентябр 20-сола мешавад, дар сабқати занон дар рақобатҳо дар вазни то 76 кг бо услуби озод бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Вале дар ин мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, вазнабардорӣ, дзюдо ва варзиши сабук ноком шуда, аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд. Дирӯз, 11-уми июл се варзишгари Тоҷикистон – Тоҷиддин Хоҷаев (66 кг), Комилҷони Сафаралӣ (84 кг) ва Фарҳод Анақулов (120кг) дар риштаи гуштии озод шикаст хӯрданд.

Имрӯз, 12-уми июл, боз се нафари дигар – Николай Ноев, Искандари Рустам ва Сомиршо Воҳидов дар сабқати гуштии озод рақобат мекунанд. Инчунин дар риштаи гуштии юнониву румӣ Тоҷикистонро Наврӯз Раҷабов ва дар шиноварӣ Муҳаммад Ҳакимов намояндагӣ мекунанд.

Ва, ниҳоят, дар мусобиқаи самбо, ки 14-уми июл шурӯъ мешавад, Комроншоҳи Устопириён, Низомҷон Охиров, Акмалиддин Каримов, Нусратулло Имомов, Абдулваҳҳоб Сатторов, Сӯҳроб Муъминов ва Аъзам Зайналобиддин ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён дар пойтахти Тотористон бо ширкати варзишгарони 162 кишвар баргузор шудааст. Варзишгарони донишҷӯ дар Универсиадаи ҷаҳонӣ дар 6 рӯзи мусобиқот аз 351 маҷмӯи медалҳо 163 маҷмӯи медалҳоро соҳибӣ карданд.

Мусобиқот аз рӯи барномаи Универсиадаи ҷаҳонӣ дар 33 иншооти варзишӣ ҷараён дорад. Бояд гуфт, ки дар чаҳор соли ахир дар Қазон 29 иншооти нави варзишӣ сохта шудааст. Барои қабули варзишгарон Деҳаи Универсиада бунёд ёфтааст, ки аз 28 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад. Дар ин ҷо барои зисту фароғати варзишгарони донишҷӯ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Барои баргузории Универсиада дар Қазон аз буҷаи Русия 228 миллиард рубл масраф шудааст. Маблағе, ки барои сохтмони варзишгоҳи Kazan-arena, ки дар он маросими кушодашавии Универсиада баргузор шуд, тахминан 15,5 миллиард рублро ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG