Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ширкати "Барқи тоҷик" барканор шуд


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон тайи як фармон Абдулло Ёров, раиси ширкати "Барқи тоҷик»-ро барканор кард ва ба ҷои ӯ Аслӣ Назаровро таъйин намуд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 12-уми июл итилоъ дод, ки бинобар вазъи саломатии Абдулло Ёров, рӯзи панҷшанбе бо фармони президент вай аз симати раиси ширкати «Барқи тоҷик» барканор карда шуд. Ва бо як фармони дигар Аслӣ Назаров раиси ин ширкат таъйин карда шуд. Аслӣ Назаров соли 1963 таваллуд шудааст ва муттахассиси соҳаи энергетика мебошад. Пештар дар вазифаи директори Маркази шабакаҳои барқи Ширкати саҳҳомии кушодаи холдингии "Барқи тоҷик" кор кардааст.
XS
SM
MD
LG