Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доббинс: Обама боқӣ мондани нируҳо дар Афғонистонро меомӯзад


Ҷеймс Доббинс
Ҷеймс Доббинс
Ҷеймс Доббинс-фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон мегӯяд, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико то ҳол роҳҳои ҳузури нируҳои Амрико баъд аз соли 2014 дар Афғонистонро дар тарозу месанҷад.

Бо вуҷуди ин, Доббинс дар ҷаласаи Кумитаи рввобити хориҷаи Сенат гуфт: “Афғонҳо мехоҳанд, ки мо дар он ҷо бимонем ва мо бояд ваъда диҳем, ки мемонем”. Нақшаҳои кунунӣ баъд аз хуруҷи нируҳои ҳамлакунандаи Амрико дар соли 2014 боқӣ мондани нируҳои маҳдуди машқдиҳандаи Амрикоро дар Афғонистон пешбинӣ мекунад.

Вале Кохи Сафед имкони хуруҷи ҳамаи нируҳоро низ боз гузоштааст. Рӯзи панҷшанбе қонунгузорон аз ҳукумати Амрико интиқод карданд, ки дар ин замина мавзеъгирии дақиқ надорад.
XS
SM
MD
LG