Пайвандҳои дастрасӣ

Русия талош дорад нируҳояшро ба марзи Тоҷикистон баргардонад


Виктор Иванов

Виктор Иванов

Виктор Иванов-раиси Хадамоти федеролии назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия изҳор дошт, ки марзбонони Русия омодаанд, барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргарданд. Вай рӯзи панҷшанбе дар Маскав ба рӯзноманигорон гуфт, ки онҳо омдаанд, баргарданд, вале барои ин ризояти мақомоти Тоҷикистон зарур аст.

Бино ба суханони вай , ҳоло дар Тоҷикистон мушовирони Русия барои ҳали масъалаҳои ҳимояти марз ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд. Вале мушовирон нируи бузурге нестанд, ки мустақиман дар ҳимояти марз ширкат варзанд.

То соли 2005 марзбонони Русия дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон мустақар буданд, вале ҷониби Тоҷикистон қарордоди идомаи ҳузури онҳо дар марзро тамдид накард ва онҳо Тоҷикистонро тарк карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG