Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷурми лағвшудаи Радован Караҷичро дубора баррасӣ мекунанд


Радован Караҷич

Радован Караҷич

Рӯзи панҷшанбе Додгоҳи ҷиноятҳои ҷангии СММ иттиҳоми куштори дастаҷамъиро барои Радован Караҷич-раҳбари давраи ҷанги сербҳои Босния аз сар гирифт. Ин тасмим бо дархости ҷониби таҳқиқот ё додситонӣ гирифта шудааст.

Карачиҷ барои ду куштори ҷамъӣ муттаҳам дониста мешуд, вале соли гузашта яке аз онҳоро лағв карданд ва баъд аз он вай барои як куштор муттаҳам дониста мешуд. Вале тасмими ахир ба он маъност, ки ҷониби таҳқиқот дубора барои расидагӣ ба иттиҳом бармегардад.

Караҷич барои 10 иттиҳом, аз ҷумла барои ташкили куштори Серебренитса дар соли 1995 муттаҳам дониста мешавад.

Тасмими додгоҳ замоне тағир ёфт, ки ҳазорон нафар дар деҳаи Серебренитсаи Босния гирдиҳам омаданд ва боқимондаҳои 409 нафарро, ки ахиран шиносоӣ шудаанд, дубора ба хок супурданд.

Моҳи июли соли 1995 нируҳои сербҳои Босния дар давоми чанд рӯз бештар аз 8 000 нафар мардону писаронро ба қатл расонданд.
XS
SM
MD
LG