Пайвандҳои дастрасӣ

Нируҳои пулиси Тоҷикистон дар машқҳои СПАД ширкат доранд


11 июл марҳилаи аслии машқҳои низомии нируҳои пулиси кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо номи рамзии "Кобальт-2013" дар минтақаи Ростови лаби Дони Русия баргузор шуд. Дар ин бора матбуоти Русия хабар додааст.

Дар ин машқҳо нируҳо аз Арманистону, Белорус, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Русия ширкат доранд. Нируҳо амалиёти маҳви пойгоҳи пинҳонии террористҳо, боздошти раҳбари онҳо ва хунсо кадани аъзои гурӯҳи террористиро, ки дар деҳа пинҳон шуда буданд, тамрин карданд.

Дар ин машқҳо ба ҷуз аз нируҳои пиёданизом нируҳои тупчӣ ва ҳавоӣ низ ширкат доштанд. Шумораи умумии нируҳое, ки дар машқҳо ширкат доранд, 500 нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG