Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми Боснӣ дар сӯги қурбониёни Сребренитса нишаст


11 июл сокинони Боснӣ дар сӯги беш аз 8 ҳазор мардону наврасони мусалмони шаҳри Сребренитса нишастанд. Рӯзи панҷшанбе дар оромгоҳи шаҳр ҷасади ошкоршудаи боз 409 нафар аз қурбониёни он фоҷиа гӯронида шуд.

Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, то ҳол аз 8372 касе, ки соли 1995 бар асари қатли оми сербҳои Боснӣ кушта ё беному нишон шудаанд, ҷасади 6066 нафарашон ошкор шудааст.

Қатли оми мусалмонҳо дар Сребретинса сангинтарин ҷинояти низомӣ баъд аз ҷиноёти низомии замони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Моҳи январи соли 2007 Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ё Гаага аъмоли артиши сербҳои босниро “қатли ом” ё “наслкӯшӣ” унвон кард. Моҳи январи соли 2009 Парлумони Аврупо 11 июлро Рӯзи ёдбуди қурбониёни наслкӯшӣ дар Сребренитса эълон намуд.
XS
SM
MD
LG