Пайвандҳои дастрасӣ

408 кори илмии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон


Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мегӯяд, ходимони муассисаҳои илмиаш имсол 408 кори илмӣ, аз ҷумла 25 китобу монография ва 383 мақола нашр кардаанд. Фарҳангистони улум барио анҷоми корҳои илмиаш дар нимаи аввали сол аз манобеъи берун аз будҷаи давлатӣ 125 000 доллар дарёфт кардааст. Ин омор рӯзи 11 июл дар нишасти хабарии Фарҳангистони улум садо дод. Дар ҳамин нишаст Кароматулло Олимов, раиси Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва осори хаттии Тоҷикистон ҳамчунин аз чоп шудани сеҷилдаи "Таърихи фалсафаи тоҷик" ба забони русӣ ва таҳияи китоби "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" хабар дод.
XS
SM
MD
LG