Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикон хатар ба худро дар Узбакистон ва Афғонистон мебинанд


Маркази таҳқиқи афкори умум бо номи “М-Vector” мегӯяд, тоҷикон беш аз ҳама Афғонистон ва Узбакистонро барои худ манбаи хатар мешуморанд.

Бино бар натиҷаҳои пажӯҳиши маркази таҳлилии “М-Vector”, 24 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, Узбакистон барои кишварашон хатари аз ҳама бештарро ташкил медиҳад ва 22 дарсад ба ҳайси чунин хатар аз Афғонистон ном бурдаанд. Узбакистон дар ғарб ва шимол ва Афғонистон дар ҷануб ҳамсояи Тоҷикистонанд. Ҳамчунин 7 дарсади ширкаткунандагони назарсанҷӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро манбаи хатар ба кишвари худ арзёбӣ кардаанд.

Дар муқобил, Русия, Чин ва Эрон аз дӯстони Тоҷикистон шумурда шудаанд. 39 дарсад Русияро кишвари барои тоҷикон муҳим ва ҳамкори асосӣ номида, 13 дарсад чунин бартариҳоро ба Чин ва 10 дарсад ба Эрон додаанд. Дар айни ҳол зикр шудааст, ки Чин ва Эрон ба гирифтани ҷойгоҳи русия омода нестанд.

Дар робита ба он ки Тоҷикистон дар ростои интихоботи раёсатҷумҳурӣ қарор дорад, аз шаҳрвандон суол шудааст, ки оё дар ин маърака ширкат хоҳанд кард ё майл ба раъйдиҳӣ надоранд. 94 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, дар интихобот ширкат мекунанд. Аммо беш аз нисфи онҳо гуфтаанд, ҳанӯз намедонанд, раъйи худро ба кӣ медиҳанд, зеро номзадҳо расман эълон нашудаанд.

Бо вуҷуди он ки аҳолии Тоҷикистон дар шароити ногувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба сар бурда, ин кишвар яке аз қашшоқтарин давлатҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, аксари пурсидашудагон гуфтаанд, ба ояндаи неки мамлакати худ бовар доранд. Аз ҷумла 89 дарсад бар инанд, ки вазъият сол ба сол рӯ ба беҳбуд дорад ва ояндаи хубе дар пеш аст. Ҳамзамон 60 дарсади посухдиҳандагон гуфтаанд, Тоҷикистон як давлати дунявист ва дин набояд дар ҳаёти сиёсии кишвар нақш дошта бошад.

Корманди созмони “M-Vector - Тоҷикистон” мегӯяд, дар баргузории ин назарсанҷӣ ҳамаи меъёрҳои байнулмилалии пажӯҳиши афкори умум дар назар гирифта шуда, каму костии натиҷаҳо метавонад танҳо 5 дарсадро ташкил диҳад: “Назарсанҷии мо қариб ҳамаи ноҳияҳои кишварро фаро гирифта, дар он таносуби вазъи иҷтимоӣ, ҷинс, синну сол ва касбу кор риoят шудааст.”

Ин назарсанҷӣ ба воситаи пурсишномаҳо дар миёни 1008 нафар аз 20-уми май то 3-юми июн ҷараён гирифтааст.

“M-Vector” як маркази байнулмилалии пажӯҳиши афкори умум ва хадамоти машваратист, ки аз соли 1997 ба ин сӯ дар Канада, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG