Пайвандҳои дастрасӣ

Марги панҷ ҳилмандӣ дар аввалин ҳамла дар Рамазон


Бар асари инфиҷори ду бомб дар вилояти Ҳилманди Афғонистон дасти кам панҷ нафар, аз ҷумла, ду корманди полис, ба ҳалокат расиданд. Умар Завоқ, намояндаи волии вилоят, гуфт, ки се сокини осоишта бар асари таркиши минаи сари роҳӣ ҷон бохтанд. Ӯ афзуд, замоне, ки ду корманди полис барои имдод ба ҷойи ҳодиса шитофтанд, бомби дуюм инфиҷор кард. Дар ин ҳодиса як нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.

Ин нахустин ҳамлаи террористӣ дар Афғонистон баъд аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон аст. Қаблан ҷунбиши “Толибон” эълом дошт, ки дар ин моҳи барои мусалмонҳо муқаддас ҳам аз аз ҳамла ба нерӯҳои афғон ва хориҷӣ даст намебардорад.
XS
SM
MD
LG