Пайвандҳои дастрасӣ

Волкер “хуруҷи комил"-ро барои Афғонистон “фалокатовар” номид


Курт Волкер, сафири пешини Иёлоти Муттаҳида дар НАТО ва ҳоло мудири Пажӯҳишгоҳи раҳбарии байнулмилалии Маккейн.

Курт Волкер, сафири пешини Иёлоти Муттаҳида дар НАТО ва ҳоло мудири Пажӯҳишгоҳи раҳбарии байнулмилалии Маккейн.

Курт Волкер, сафири пешини Иёлоти Муттаҳида дар НАТО ва ҳоло мудири Пажӯҳишгоҳи раҳбарии байнулмилалии Маккейн гуфт, хуруҷи комил аз Афғонистон имконнопазир аст.

Курт Волкер, сафири пешини Иёлоти Муттаҳида дар НАТО ва ҳоло мудири Пажӯҳишгоҳи раҳбарии байнулмилалии Маккейн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “гузинаи сифр” як фалокат хоҳад буд ва ӯ гумон надорад, кор ба ин дараҷа расад.

Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки “Ню Йорк Таймс” рӯзи 8-уми июл навишт, ки баъд аз ин мулоқоти видоеии президенти Амрико, Барак Обама ва ҳамтои афғони ӯ, Ҳомид Карзай, хуруҷи комили нерӯҳо аз Афғонистон ба монанди Ироқ, аз “бадтарин таҳаввули мумкин” ба гузинаи мавриди баррасии Вашингтон ва Кобул табдил ёфтааст.

“Ню Йорк Таймс” навишт, видеоконфаронси мазкур, ки 27-уми июн ҷараён гирифтааст, “хеле бад” ба поён расид. Дар гузориш гуфта мешавад, Карзай Вашингтонро айбдор кард, ки бо истифода аз гуфтушуниди ҷудогона бо Толибон ва ҳомиёни покистонии онҳо ҳукумати ӯро дар хатар мегузорад.

Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ рӯзи 9-уми июл ин нуктаро рад накард ва гуфт, дар байни сенарияҳое, ки Обама дар робита ба хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон баррасӣ мекунад, фарзияи хуруҷи комил низ истисно нест: “Фарзияи хуруҷи комил ҳамеша матраҳ буд ва ин як бахши равандест, ки на ба теъдоди нирӯ, балки ба ҳадафҳои сиёсӣ ва чӣ гуна беҳтар анҷом додани кор тамаркуз мекунад. Агар мо ба қароре бирасем, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ нирӯеро дар Афғонистон боқӣ гузорем, пас бояд бидонем, ки дар робита ба ин нирӯ мо бояд бо ҳукумати Афғонистон чӣ гуна қарордод дошта бошем?”
Сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки ҳаҷму андозаи ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳида баъди соли 2014 дар Афғонистон бо ҳукумати ин кишвар матраҳ хоҳад шуд.

Аммо Аймал Файзӣ, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки масъалаи хуруҷи комили нирӯҳои Амрико аз хоки Афғонистон матраҳ нашудааст. Аймал Файзӣ гуфт, ин мавзӯъ ҳеҷ гоҳ дар баҳсҳои байни Вашингтон ва Кобул дар миён набуд ва гузориши нашрияи “Ню Йорк Таймс” бо ҳадафи фишор ба Афғонистон ва афкори умум нашр шудааст. “Мо шарти худро ба ҳукумати Амрико пешниҳод кардем ва гуфтем, ки тасмими ниҳоӣ бо мардуми Афғонистон, яъне бо Ҷиргаи миллӣ аст,” – афзуд сухангӯи Карзай.

Баҳси мазкур сабаби вокунишҳои мухталиф шуд. Курт Волкер, сафири пешини Иёлоти Муттаҳида дар НАТО ва ҳоло мудири Пажӯҳишгоҳи раҳбарии байнулмилалии Маккейн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “гузинаи сифр” як фалокат хоҳад буд ва ӯ гумон надорад, кор ба ин дараҷа расад.

XS
SM
MD
LG