Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сергей Магнитскийро баъди маргаш айбдор карданд


Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав ҳуқуқшинос Сергей Магнитскийро аз рӯи парвандаи сарпечӣ аз андоз аз тарафи бунёди бритониёвии Hermitage Capital айбдор кард. Аммо парванда бино ба сабаби марги ӯ қатъ карда шуд.

Ба иттилои тафтишот, Магнитский бо амри раҳбари бунёд Вилям Браудер тарҳи фирор аз андозро таҳия кардааст. Додгоҳ Вилям Браудерро аз рӯи ин парванда муттаҳам хонд ва ӯро дар ғайбаш ба 9 соли маҳбас маҳкум кард. Додрас гуфт, Браудер бо ёрии Магнитский дар ҷумҳурии Калмиқистон ду ширкат таъсис кард, ки дар онҳо бояд маъюбон кор мекарданд. Дар асл маъюбон фақат ба ном корманди ширкат буданд, вале ин ба Браудер имкон дод, ки аз имтиёзҳои молиётӣ бархурдор шавад. .Дар мурофиа гуфта шуд, ки бар асари ин қаллобӣ ба Русия ба маблағи 522 миллион рубл хисорот ворид шудааст.

Сергей Магнитский моҳи ноябри соли 2009 дар боздоштгоҳ аз олам даргузашт. Ӯ чандин бор аз вазъи бади саломатияш шикоят карда буд.

Бар пояи фарзияи Браудер, ҳуқуқшиноси Hermitage қурбонии гурӯҳи ҷиноие шудааст, ба он мансабдорони воломақоми ҳукумати Русия шомиланд. Натиҷаҳои тафтиши марги Сергей Магнитский аз сӯи Бунёди Нermitage Capital-ро кишварҳои ғарбӣ пазируфтаанд. ИМА “Рӯйхати Магнитский”-ро таҳия кардааст, ки ба он ному насаби ҳама афроди муттаҳам дар марги ҳуқуқшиноси Hermitage Capital шомил шудааст. Ин афрод мавриди таҳрими Вошингтон қарор гирифтаанд.

Вакилони мудофеи Вилям Браудер изҳор намуданд, ки аз болои ҳукми додгоҳи Твер шикоят мебаранд.
XS
SM
MD
LG