Пайвандҳои дастрасӣ

"Мандоғ" - сабки вижаи овозхонӣ, ки рӯ ба фаромӯшӣ овардааст


"Мандоғ" дар гузашта миёни аҳолии куҳистони Балҷувон маъруфит дошт.

"Мандоғ" дар гузашта миёни аҳолии куҳистони Балҷувон маъруфит дошт.

Батадриҷ ба гӯшаи фаромӯшӣ уфтодани «Мандоғ», сабки вижаи овозхонии мардумӣ, ки аз замонҳои қадим ба мерос мондааст, фарҳангшиносони хатлониро нигарон кардааст.

«Мандоғ» аз ду реша – «ман» ва «доғ», яъне аламу ғам иборат буда, навъе аз муноҷот ба Парвардигор дониста мешавад. Ин сабки овозхонӣ ҳанӯз ҳам аҳён-аҳён аз ҷониби мӯйсафедони солманди рустоҳои куҳистонӣ иҷро мешавад ва ҳадафаш, он гуна, ки худи овозхонҳо мегӯянд, ниёш ба сӯи Худованд аст, то хостаҳои мардумро бароварда созад.


Дар деҳаи Мулоконии Балҷувон имсол себу сабзиҷоте, ки парвариш мекунанд, ҳосили хуб надодааст ва сокинони маҳаллӣ мандоғхонӣ мекунанд, то Офаридгор фаровонии ҳосилро барояшон таъмин кунад. Бобои Муҳаммадсаид, сокини 80-солаи деҳаи Мулоконӣ, мавзеи дурдасте дар ноҳияи Балҷувон, 250-километрии ҷанубу шарқи Душанбе, бо хоҳиши ҳамдеҳаҳояш суруде дар сабки мусиқии бостонии «Мандоғ»-ро иҷро мекунад:

…Дунё ба мисоли кӯзаи зарринайе…
Ман доғам, ё дӯст?..

Сокинони маҳаллӣ бар ин боваранд, ки дар сурати аз таҳи дил сурудани «Мандоғ» дарду алам, хостаҳои мардумро Офаридгор шунида ва ба мушкилашон расидагӣ мекунад. Сол аз сол ин жанри мусиқии халқӣ кам ба гӯшҳо мерасад ва ба гӯшаи фаромӯшӣ уфтодани «Мандоғ», ки аз замонҳои қадим ба мерос мондааст, фарҳангшиносони хатлониро нигарон кардааст.

Ҳасани Муродиён, фолклоршинос.

Ҳасани Муродиён, фолклоршинос.

Фолклоршинос Ҳасани Муродиён, профессори Донишгоҳи Қӯрғонтеппа, мегӯяд, беҳтарин «мандоғ»-ро маъмулан мардуми кӯҳистонӣ иҷро мекунанд ва муҳтавои аслии он шикоят аз фалак аст: «Мандоғ» аслан як навъ эътироз аз фалак аст, ҳамзамон навъе изҳори миннатдорӣ нисбат ба фалаку ҳокими фалак, ки Худованд аст, мебошад.»

Маҳмадалӣ Аюбӣ, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, мегӯяд, бори нахуст мусиқии сабки «Мандоғ» дар солҳои 70-уми асри гузашта дар саҳнаҳои касбии ҳунарӣ роҳ ёфта буд. Аввалин овозхонҳои ҳирфаӣ, ки дар саҳнаҳои ҳунарии Хатлон мандоғхонӣ мекарданд, Саидмурод Ҳотамов ва Давлатҷон Муқимов буданд. Аммо, ҷаноби Аюбӣ бо таассуф мегӯяд, ҳоло барои ҳифз ва рушди ин жанри мусиқии мардумӣ, ки дар гузашта дар қаламрави Хатлон маъруф буд, аз сӯйи мақомот ва коршиносон тақрибан ҳеҷ тадбире андешида намешавад.

Маҳмадалӣ Аюбӣ гуфт: «Дар ин мавзӯъ, мутаассифона, касе на кори илмӣ анҷом додааст ва на барои нигоҳдории он ҳамчун осори фарҳангӣ талош мекунад. Фалаку Шашмақомро азбаски ҳукумати кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир кард, олимону аҳли фарҳанг барои эҳёаш чора меандешанд. «Мандоғ» аз маъною мазмун ва аз тарзи иҷроишаш маълум аст, ки дар замонҳои гузашта одамони кӯҳистон, кишоварзон ҳангоми кор дар саҳро онро месуруданд, то ки Худо барояшон ҳосили фаровон диҳад, то ки гурусна намонанд фарзандонашон, хаставу бемадор нашаванд аз кори бисёр.»

Маҳмадалӣ Аюбӣ.

Маҳмадалӣ Аюбӣ.

Маҳмадалӣ Аюбӣ афзуд, ки «мандоғ» усулан ба фалак монанд аст ва миёни ин ду сабки мусиқӣ вай фарқи зиёде намебинад, чун «фалак ҳам аз дарду алами инсон аст, ҳарфи дилу муноҷот гуфтан аст фалак ва мазмунан «мандоғ» ҳам ҳамин хел аст».

Аммо профессор Ҳасани Муродиён бар ин назар аст, ки мусиқии «мандоғ» вижагиҳои хоси худро дошта, аз фалак тафовути чашмрасе дорад: «Фалакро одатан як нафар месарояд. «Мандоғ»-ро гуруҳи одамон иҷро мекунанд. Услуби иҷро кардани фалак дигар хел аст, аз пардаи баланд мехонанд онро. «Мандоғ»-ро бештар одамони миёнаҳол, дар вақти гандумдарав, дигар корҳои саҳро месароянд, то ки вазнинии кору зиндагиро ҳис накарданд. Аввали ин сурудро як нафар оғоз мекунад: «Эй ман доғ, эй ман доғ, ёре, ман доғам ё дӯст?» Баъд дигарон ба ӯ ҳамовоз мешаванд ва такрор мекунанд. Баъд ягон рубоӣ ё дубайтии халқиро ҳамин тавр месароянд: «Гандум лолае, миёни гандум лола. Ман доғам ё дӯст? Ошиқ шудаам ба духтари қинғола. Ман доғам ё дӯст?» Ҳамин ибораи «Ман доғам ё дӯст?»-ро мардум мехонанд, ҳамовозӣ мекунанд.»

Профессори донишгоҳи Қӯрғонтеппа бар ин назар аст, ки агар мақомоти давлатӣ ва пажуҳишгарон барои ҳифзи сабки мусиқии «Мандоғ» иқдоми зудрас нишон надиҳанд, имкон дорад то чанд соли дигар ин жанри овозхонии мардумӣ аз байн рафта ва маводе барои таҳқиқу арзёбӣ боқӣ намонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG