Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

AI хостори тафтиши мустақилонаи ҳаводиси Жанаозен шуд


Созмони Amnesty International (AI) ё Aфви Байнулмилал, мақараш дар Лондон, раисиҷумҳури Қазоқистонро дар махфӣ нигаҳ доштани далелҳои шиканҷа ва истифодаи нерӯи аз ҳад беш аз сӯи полис айбдор намуд. Дар гузорише, ки ин созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар рӯзи панҷшанбе нашр кардааст, аз Нурсултон Назарбоев дархост шудааст то ба тафтиши мустақилонаи байнулмилалии ҳаводиси Жанаозен иҷоза диҳад.

Моҳи декабри соли 2011 кормандони полиси шаҳри Жанаозен ҳангоми саркӯбсозии намоиши эътирозии коргарони норозии ширкати нафтӣ, 15 нафарро ҳадафи тир қарор дода, тақрибан сад каси дигарро маҷрӯҳ сохтанд. Даҳҳо нафар боздошт ва шиканҷа шуданд. Дар гузориши Aфви Байнулмилал аз шиканҷаи шоири дигарандеши қазоқ Арон Атобек ҳам ёдоварӣ шудааст, ки дуву ним сол боз дар ҳуҷраи инфиродии зиндон аст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Назарбоев хостаанд, ки ваъдаи соли 2010 ба СММ додааш дар бораи аз беху бун баркандани шиканҷаро иҷро кунад.
XS
SM
MD
LG